Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ан Сяомэн, рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Чин нашр шуд
ДУШАНБЕ; 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 май мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ан Сяомэн, рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин нашр шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои хабарнигорон атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин, муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду давлат, дастовардҳои асосии Созмони Ҳамкории Шанхай, робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби ин созмон, самараи иқдоми муштараки бунёди “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим”, вазъи амну субот ва рушд дар минтақаву ҷаҳон, тавсеаи робитаҳои гуманитарии ду кишвар, аз ҷумла дар Марказҳои Конфутсий ва Коргоҳи Лю Бани Чин дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ посух доданд.
Аз ҷумла, зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки равобити Тоҷикистону Чин воқеан солҳои охир дар ҳоли рушди босуръат мебошанд. Кишварҳои мо фаъолона дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, робитаҳои мутақобилан судманд ба роҳ мондаанд.
“Мехоҳам қаноатмандии худро аз сатҳи баланди эътимод, муколамаи ошкоро ва созанда миёни ман ва дӯстам Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор намоям. Қобили таъкид аст, ки абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ фаъолияти пурсамар доранд”, — изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат.
Дар робита ба бунёди муштараки “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим” гуфта шуд, ки он дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Чин саҳифаи нав боз намуда, ҳамкории кишварҳоро бо мазмуни мушаххас ва натиҷаҳои назарраси амалӣ ғанӣ гардонид.
Ба нақши Созмони Ҳамкории Шанхай баҳо дода, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар чорчӯби Созмон ба ҳамкории гуманитарӣ ба мақсади таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми гуногунии фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ба ин мақсад, барнома ва ҳамоишҳои бисёрҷонибаи фарҳангӣ, таълимӣ, илмӣ, варзишӣ ва гардишгарӣ татбиқ мешаванд.
“Тоҷикистон ҳамчун давлати муассиси Созмони Ҳамкории Шанхай минбаъд низ дар рушди бемайлони Созмон ва таҳкими обрӯву эътибори байналмилалии он саҳми арзанда гузошта, талошҳои худро дар таҳкими сулҳ, амният ва субот дар минтақа, инчунин дар бунёди равобити нави байналмилалӣ, ки бар эҳтироми мутақобила, баробарӣ ва ҳамкории судманд асос ёфтааст, идома хоҳад дод” — иброз доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори Агентии иттилоотии “Синхуа” ва дигар васоити ахбори оммаи ин кишвар ба таври васеъ инъикос гардид ва аллакай шумораи зиёди хонандагон аз мазмуну муҳтавои ин суҳбат огаҳӣ пайдо намуданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






