Нақшаи истеҳсоли пилла дар шаҳри Левакант пурра иҷро гардид

Май 21, 2026 16:23

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи истеҳсоли пилла дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон пурра иҷро шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» иттилоъ доданд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, дар шаҳри Левакант 2,6 тонна пилла истеҳсол гардида, аз ҳар 100 қуттии кирмак ба ҳисоби миёна 26,5 килограммӣ ҳосил рӯёнида шуд.

Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи пиллапарварӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои тақсими тухми кирмак, дастгирии хоҷагиҳо ва ташкили корҳои соҳавӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

Пиллапарварони шаҳри Левакант дар истеҳсоли абрешими босифат ва таъмини талаботи бозор саҳми арзанда гузошта, ният доранд то анҷоми мавсим ҳаҷми истеҳсолро бештар намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 21, 2026 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд