Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид

Май 14, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти фаврии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи Тоҷик», то 13 майи соли 2026 раванди қабули пилла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дошта, иҷрои нақша дар маҷмуъ ба 76,94 фоиз расидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кирмакпарварӣ дар мамлакат рушди назаррас ёфтааст.

Дар мавсими имсола дар вилояти Хатлон истеҳсол ва ҷамъоварии 210 тонна пилла ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 161,73 тонна пилла қабул гардидааст. Дар як шабонарӯзи охир 1,75 тонна пилла ба нуқтаҳои қабул супорида шудааст.

Аз рӯи нишондиҳандаҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Дӯстӣ аз ҷумлаи ноҳияҳое мебошанд, ки нақшаро пурра ва ё зиёда аз 100 фоиз иҷро намудаанд. Аз ҷумла, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 22,100 тонна пилла супорида, нақшаро 102,4 фоиз иҷро кардааст. Ноҳияи Ёвон 20,800 тонна пилла супорида, нақшаро 100,9 фоиз ва ноҳияи Дӯстӣ бо супоридани 16,900 тонна пилла нақшаро 100 фоиз иҷро намудаанд.

Ноҳияҳои Ҷайҳун, Қубодиён, Левакант, Вахш, Восеъ, Шаҳритус, Кӯшониён ва Данғара низ суръати нисбатан хуби ҷамъоварии пилларо нишон медиҳанд.

Дар баробари ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Темурмалик, Балҷувон, Фархор, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Кӯлоб нишондиҳандаҳо ҳанӯз нисбатан паст буда, масъулон барои вусъат бахшидани корҳои қабул ва иҷрои пурраи нақша тадбирҳои иловагӣ меандешанд.

Мавсими ҷамъоварии пилла дар вилояти Хатлон идома дошта, барои иҷрои пурраи нақша ва таъмини рушди соҳаи кирмакпарварӣ корҳои ташкилӣ тақвият дода мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 14, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд