Нақши Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи дипломатияи об дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Абузабӣ таъкид гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ашрафҷон Гулов дар ҳамоиши Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд, ҳамоиш ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки таҳти ҳамраисии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Сенегал дар шаҳри Абузабӣ 8-10 декабри соли 2026 баргузор мегардад, бахшида шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилоти минтақавию байналмилалии муқим иштирок намуда, оид ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ташаббускори ҷаҳонӣ ва пешбарандаи дипломатияи об дар арсаи байналмилалӣ сухан карданд.
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ашрафҷон Гулов дар ҳамоиш доир ба ҳадафҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад сухан гуфта, аҳаммияти онро ҳамчун абзори мусоид барои оғози муколама ва шарикӣ қабл аз Конфронси оби СММ-2026 таъкид намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ










Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






