Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуданд

Май 19, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии нақлиёти интеллектуалӣ, инфрасохтори роҳ ва саноати муҳандисии Синҷон, ки дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи намоишгоҳ бо иштироки намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Чин конфронс баргузор шуд.

Бо ташаббуси кумитаи рушди нақлиёт ва логистика ва кумитаи рушди тиҷорати сабзи назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони кумитаҳои мазкур, мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон дар намоишгоҳ ва конфронс иштирок намуданд.

Дар Намоишгоҳи 9-уми байналмилалии Синҷон истеҳсолкунандагони чинӣ таҳияҳои инноватсионӣ ва роҳҳои ҳалли навро дар соҳаи нақлиёт, технологияҳо ва таҷҳизот барои сохтмони роҳҳо, таҷҳизоти махсус, истгоҳҳои пуркунӣ ва дастгоҳҳои ҳавопаймоии бесарнишин муаррифӣ намуданд.

Иштирокчиёни конфронс дар бораи вазъи рушди сохторҳои нақлиётӣ ва татбиқи технологияҳои навтарин дар бахши нақлиёт маълумот пешниҳод карданд.

Дар ҳамоиш байни ширкатҳои чинӣ ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мубодилаи афкор ва муайян кардани самтҳои ҳамкорӣ доир гардид.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад