Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарияти Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин муассиса таҳсил менамоянд, мулоқот намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, зимни мулоқот бо донишҷӯён намояндагони Сафорат оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суҳбат намуданд.
Иброз гардид, ки таҳкими ҳисси ватандӯстию худшиносӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, ҷалби ҷавонон ба илму донишандӯзӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва омода намудани ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа барои саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки ҷавонон дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолиро ташкил дода, онҳо дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муҳим мебозанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бо ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то онҳо дониши замонавӣ андӯзанд, ҳунар омӯзанд ва дар пешрафти ҷомеа саҳм гузоранд.
Ба маълумоти донишҷӯён расонида шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд. Имрӯз зиёда аз 42 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла зиёда аз 23 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсили илм доранд.
Г
уфта шуд, ки ҷавонон бояд ҳамеша ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар худ тақвият бахшида, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ободии Ватан саҳм гузоранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз ҷавонони соҳибилму соҳибмаърифат метавонанд нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Дар идома намояндагони Сафорат оид ба иҷрои «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» изҳори назар намуданд.
Ҳамзамон доир ба омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша карда шуд.
Иброз гардид, ки амнияти миллӣ омили асосии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат маҳсуб мешавад. Татбиқи дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ имкон медиҳад, ки соли 2026 ба марҳилаи нави амалисозии ормонҳои миллӣ, густариши корҳои ободонӣ ва таҳкими худшиносии мардум табдил ёфта, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои шоиста истиқбол карда шавад.
Инчунин зимни суҳбат дархостҳои гуногун, аз ҷумла оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат, раванди қонунугардонии буду бош ва дигар масоили марбут ба хизматрасониҳои консулӣ ба миён гузошта шуданд.
Дар идома намояндагони Сафорат ба донишҷуёни тоҷик иброз доштанд, ки касбҳои интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии хосса аст ва онҳо бояд аз шароити дар донишгоҳҳо фароҳамшуда бамаврид истифода намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии маориф – 2026 (Education World Forum — 2026) иштирок намуд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
Дар Душанбе Форуми наврасони асри технология идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хотири ба Ватан баргардонидани қисмате аз хоки оромгоҳи қаҳрамонон ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон коргоҳи коромӯзӣ барои устодон ва донишҷӯён ифтитоҳ ёфт
КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2026-2027. Зиёда аз 6 ҳазор довталаб барои дарёфти он дар даври сеюми озмун иштирок мекунанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намоиши маҳсулот ва ҷойи холии кор баргузор шуд
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Дар Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмуни шаҳрӣ оғоз шуд






