Намояндагони Тоҷикистон дар чорабинии Ассамблеяи генералии 93-юми Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот иштирок намуданд

Май 28, 2026 14:47

ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Намояндагони Тоҷикистон зимни иштирок дар чорабинии Ассамблеяи генералии 93-юми Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот дар шаҳри Париж  бо Президенти Шурои WOAH вохӯриҳои дуҷониба доир намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалии байторӣ баррасӣ карда шуданд.

Зимни вохӯрии муовини Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Муминзода бо Президенти Шурои WOAH Сузанна Помбо, муовини Директори генералии WOAH Баба Соумаре ва роҳбари минтақавии WOAH дар Осиёи Марказӣ Мерике Тайтубоев масъалаҳои рушди соҳаи байторӣ, таҳкими ҳамкории техникӣ ва омодасозии мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2026 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»