Намояндагони Тоҷикистон дар дуюмин Форуми байналмилалии баррасии муҳоҷират иштирок намуданд

Май 9, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 8 май дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дуюмин Форуми байналмилалии баррасии  муҳоҷират-2026 баргузор гардид. Дар он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, форум ба арзёбии ҳамаҷонибаи татбиқи «Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ» бахшида шуд.

Иштирокчиён зимни форум масъалаҳои муҳими муҳоҷират, ҳамкории байналмилалӣ ва роҳҳои таҳкими идораи муҳоҷиратро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Солеҳа Холмаҳмадзода иброз дошт, ки нақши боризи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар пешбурди муҳоҷирати бехатар муҳим мебошад.  Масъалаҳои муҳоҷират дар шароити буҳронҳои иқтисодӣ, иқлимӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ хусусияти ҳарчи бештари ҷаҳонӣ касб карда, татбиқи самараноки «Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ» аҳаммияти махсус дорад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон пайваста аз принсипҳои Паймони глобалӣ ҷонибдорӣ намуда, барои такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират тадбирҳои мушаххасро ба монанди қабули як қатор санадҳои стратегӣ дар самти танзими равандҳои муҳоҷират, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, муқовимат ба савдои одамон ва ҷалби ҷамъиятҳо дар рушди мамлакат амалӣ менамояд.

Ҳамчунин баён гардид, ки дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкории байналмилалӣ, гуногунсозии самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин рушди барномаҳои омӯзиши касбӣ, омодагии забонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирон таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Намояндагони Тоҷикистон  дар ҳамоиши чоруми форум оид ба масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ низ иштирок намуданд. Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, савдои одамон, таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳоҷират ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 9, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд