Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо дар Боку иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Форум ба масъалаҳои рушди устувори шаҳрҳо, татбиқи Рӯзномаи нави шаҳрӣ, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва рақамикунонии соҳаи шаҳрсозӣ бахшида шуд. Он ҳамчун майдони муҳими табодули таҷриба ва густариши ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Дар доираи форум Низом Мирзозода дар мавзуи «Рушди соҳаи сохтмон ва инфрасохтори шаҳрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди шаҳрсозӣ, сохтмон ва бунёди инфрасохтори муосир маълумоти муфассал пешниҳод кард. Таъкид гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин бахши ҳаётан муҳим дар мамлакати мо дар доираи татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии давлат ва амалисозии барномаю стратегияҳои мушаххас ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид.
Ҳамзамон ба иштирокдорони форум навори видеоии «Душанбе -марвориди Шарқ» намоиш дода шуд, ки дар он дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои меъморӣ, сохтмон ва рушди шаҳрҳо, аз ҷумла бунёди иншооти муҳими давлатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин раванди рушди босуръати шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад.
Дар форум байни намояндагони давлатҳо масъалаҳои рушди шаҳрсозӣ, истифодаи таҷрибаи муосир ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






