Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти дидбонгоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори гузариши воситаҳои нақлиёт ва мусофирон тавассути дидбонгоҳи наздисарҳадии гумрукии «Дӯстӣ» -и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода беш аз пеш афзоиш ёфта, дар сатми воридот шабонарӯзӣ аз кишварҳои хориҷа аз 120 то 160 воситаҳои нақлиёти боркаш ба қаламрави Тоҷикистон ворид мегарданд. Инчунин ҳамаррӯза тавассути дидбонгоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ» беш аз сад воситаи нақлиёти боркаш аз Тоҷикистон ба хориҷа бо навбат тамоми назоратҳоро мегузаранд ва иҷозати убури хатти сарҳадро мегиранд. Дар ин хусус Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Аҳмад Бобозода зимни пресс-тур ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки пресс-тур бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкории мақомоти гумрук бо воситаҳои ахбори омма, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти гумрук ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа аз фаъолияти соҳа созмон дода шуд.
Рӯзноманигорон дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ» аз наздик шинос шуданд. Масъулини дидбонгоҳ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ оид ба тартиби убури молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ, раванди назорати гумрукӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир ва тадбирҳои таъмини амнияти иқтисодӣ маълумот пешниҳод намуданд.
«Дӯстӣ» ва «Боботоғ» — гузаргоҳҳои фаъол
Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Аҳмад Бобозода иброз намуд, ки дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода алҳол ду дидбонгоҳи наздисарҳадӣ — «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода ва «Боботоғ» дар шаҳри Ҳисор фаъол мебошанд.
Инчунин гузаргоҳи наздисарҳадии «Пахтаобод», ки дар истгоҳи роҳи оҳани КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» фаъолият мекунад, тобеи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода аст.
Гуфта шуд, ки дар як шабонарӯз тавассути гузаргоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ» 150-200 нафар мусофирон аз сатми хуруҷ ва аз 200 то 300 нафар аз самти вуруд, инчунин 15- 20 адад автомобилҳои сабукрав тавассути ин дидбонгоҳ хатти сарҳадро убур менамоянд.
Дар дидбонгоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ» 10 нозир дар як баст фаъолият менамояд.
Алҳол дар дидбонгоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ» дар ҳар як басти корӣ 10 нафар корманд-нозир фаъолият менамоянд.
Инчунин дар дидбонгоҳи наздисарҳадӣ ҳангоми муоинаи бору молҳои содиротшавандаю воридоштшаванда аз хизмати сагҳои кинологӣ истифода бурда мешавад.
Бо дахли рушди инфрасохтори инноватсионӣ ва технологӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ таъкид шуд, ки аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ таҷҳизотҳои техникӣ барои пешбурди назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои Раёсати минтақави гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода муҷҷаҳаз карда шудааст.
Насби технологияҳои муосири рақамӣ дар дидбонгоҳ
Хусусан дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ» бо технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рақамӣ ва ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷаҳҳаз гардидааст.
Алҳол дар дидбонгоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ» 37 камераҳои мушоҳидавии муосир, ки биниши рақамиро муайян мекунанд, инчунин тарозӯи рақамӣ насб карда шудааст. Воситаҳои нақлиётӣ, ки молу маҳсулот воридот ва содирот менамоянд, тавассути камераҳои ренгтгенӣ -мобилӣ назорат карда мешаванд.
Мусофирон ва ронандагон ҳангоми убури сарҳад дар баъзе ҳолатҳо ба мушкилиҳо мувоҷеҳ мегарданд. Аз ин рӯ, аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук ва Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода гӯшаҳои иттилоотӣ насб карда шудааст, ки мусофирон ҳангоми рафту омад аз онҳо ба таври васеъ истифода менамоянд.
Барномаи АСИКУДА* дар фаъолияти соҳибкорон сабукиҳо фароҳам овард
Таъкид гардид, ки аз моҳи октябри соли 2025 дар мақомоти гумрук Барномаи АСИКУДА*-и ҷаҳонӣ фаъол карда шудааст. АСИКУДА барномаи нодир ва афзалиятнок буда, барои субъектони фаъолияти иқтисодӣ хориҷӣ шароити мусоид ва сабукиҳо фароҳам овардааст, ки соҳибмулк имкон дорад, мол ва воситаҳои нақлиёт ва номгӯи маҳсулотҳои ворид ё содирнамудаашро бо пешниҳоди маълумотҳои пешакӣ, на дертар аз 72 соат ба нуқтаи гузариши дидбонгоҳии гумрукии наздисарҳадӣ пешниҳод намояд.


Аз ин рӯ, аз ҷониби субъектони фаъолияти иқтисодӣ хориҷидошта ин низом хуб қабул гардидааст. Бо ҷорӣ намудани ин низом зарурати назди воситаи нақлиёт ё бо ронанда вохӯрдани соҳибкорон аз байн бардошта шуд. Яъне шахс вақте муайян мекунад, мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути кадом дидбонгоҳи гумрукӣ ворид гардидааст, низоми Барномаи АСИКУДА ба тариқи мутамарказ нуқтаи гузаришашро нишон медиҳад. Дар ин маврид кормандон- нозирони дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадӣ, алакай тамоми маълумотҳои дақиқро дар ихтиёр доранд.
Истифодаи таҷҳизоти муосир ба пешрафти соҳа мусоидат менамояд
Бо пахши тугмачаҳо вақте рақами воситаи нақлиёти автомобилӣ агар дар низом дарҷ гардад, муайян карда мешавд, ки воситаи нақлиёт тавассути кадом гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ ба Тоҷикистон қаблан ворид шудааст, молҳои вориднамудааш аз чӣ иборат аст, ҳатто дар бораи шахсияти ронанда, дар бораи молқабулкунанда ва рақами шахси андозсупоранда маълумотҳое, ки ба мақомоти гумрук зарур аст, пешниҳод карда мешавад.
Корманди дидбонгоҳ бо пахши тугмача, тариқи мутаммарказ рақамҳои маълумотҳои пениҳодшудаи пешакиро қабул менамояд. Баъди қабул кардан, ҳуҷҷат хусусияти меъёрӣ ва ҳуқуқиро касб менамояд, яъне мақомоти гумрук воридоти маҳсулотро ба қайд мегирад. Баъди ин ронандаи нақлиёт тавассути воситаи нақлиёт сарравал аз тарозуи рақамӣ мегузарад, яъне бор бо маълумоти пешниҳодшаванда ва вазни ниҳоии воситаи нақлиёт муайян мешавад.
Инчунин намояндагони ВАО дар дидбонгоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ» бо фаъолияти кормандони гумрук дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини риояи қонунгузории гумрукӣ ва содагардонии расмиёти марбут ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз надик шинос шуданд.
«Равзанаи ягона»
Дар доираи пресс-тур ба намояндагони восиаҳои ахбори омма аз ҷониби кормандони низоми «Равзанаи ягона» дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук низоми мазкур, хусусан ҳадаф, имконият ва бартариҳои «Равзанаи ягона» тавзеҳ дода шуд.
Гуфта шуд, ки ин низом барои содагардонии расмиёти савдои хориҷӣ, коҳиш додани вақти барасмиятдарорӣ ва беҳтар намудани ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти марбута мусоидат менамояд. Ҳамчунин хабарнигорон бо тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои электронӣ ва хизматрасониҳои рақамии амалкунанда шинос шуданд.
Рақамикунонии соҳа
Инчунин дар Маркази ҳолатҳо ба хабарнигорон доир ба низоми назорат ва мониторинги фаъолияти гумрукӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва имкониятҳои техникӣ иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар солҳои охир дар мақомоти гумрук ҷиҳати рақамикунонии хизматрасониҳо ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.
Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии «АСИКУДА»
Яке аз бахшҳои муҳими пресс-тур шиносоӣ бо Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии «АСИКУДА»-и ҷаҳонӣ ва Маркази маълумотҳо ба ҳисоб мерафт.
Ба намояндагони ВАО иттилоъ дода шуд, ки низоми мазкур яке аз механизмҳои асосии рақамикунонии расмиёти гумрукӣ буда, барои суръатбахшии барасмиятдарории гумрукӣ, коҳиши омилҳои инсонӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолият мусоидат менамояд.
Дар бораи тартиби пешниҳоди эъломияҳои электронӣ, коркарди маълумот ва дигар хизматрасониҳои рақамии мақомоти гумрук низ маълумот дода шуд.
Мусаллам аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои дастрас намудани иттилооти дақиқу расмӣ ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд муҳим байни намояндагони ВАО ва мақомти гумрук муҳим арзёбӣ арзёбӣ гардид
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
*АСИКУДА – (Automated System for Customs Data) -низоми автоматикунонидаи маълумоти гумрукии системаи компютерие аст, ки аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд барои идоракунӣ ва рушди гумрукии давлатҳои ҷаҳон таҳия карда шудааст.








Нигина Анварӣ: «Баргузории Конфронси ФАО дар Душанбе бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ва саҳми фаъолонаи он дар рушди устувори кишоварзӣ аст»
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе Ҷаласаи 11-уми минтақавии Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор гардид
«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе иштирок менамояд
Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Амрико мунтазам афзоиш меёбад
Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил шуд
«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад






