Намояндаи Африқои Шимолӣ Мпҳепҳу Нндвелени: «Тоҷикистон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар ҷаҳон аст»

Май 27, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» дар мамлакати офтобӣ, зебову гулпӯше баргузор мешавад, ки дорои иқтидори бузурги рушд аст. Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯби ин рӯзнома корҳоеро анҷом додааст, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бениҳоят арзишманд мебошанд. Яъне кишвар пешоҳанги ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар ҷаҳон аст», — гуфт намояндаи Ассотсиатсияи Африқои Шимолӣ оид ба об ва беҳдошт Мпҳепҳу Нндвелени дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи Мпҳепҳу Нндвелени Конфронси сатҳи баланд намояндагони давлатҳо ва бонкҳои байналмилалии рушдро ба ҷалби уҳдадориҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва молиявӣ барои амалиёти об ҳамчун амали иқлимӣ ҷамъ овардааст.

«Ин рӯйдоди муҳиме аст, ки кори чандинсоларо тасдиқ мекунад. Аз ҷумла, дар ин чорабинии муҳим коршиносони зиёд аз Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ҷаҳон ҷамъ омадаанд, ки ҳадафашон сабақ гирифтан аз таҷрибаи якдигар дар масъалаи ҳалли мушкилоти обу иқлим мебошад», — илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Номбурда тазаккур дод, ки баргузории ин конфронс дар шаҳри Душанбе нишони он аст, ки Тоҷикистон дар ин самт нақши барҷаста дошта, ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад, ки дар устувории об ва мутобиқшавӣ ба иқлим масъулияти муштарак эҳсос намоянд. Зеро дар ин ҳамоиш боз ҳам даъват карда мешавад, ки ҳамкории байналмилалӣ, интиқоли технология ва дастгирии молиявӣ афзоиш ёбад, то ҳар давлат, новобаста аз мушкилоти ҷуғрофӣ дорои абзор барои бунёди ҷомеаҳои тобовар ба тағйирёбии об ва иқлим бошад.

«Умед дорем, ки ин талошҳо самараи нек медиҳанд ва ояндаи наздик мо шоҳиди он мешавем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ уҳдадориву амалҳои худро дар самти мубориза бо тағйироти иқлим, чӣ дар қисмати мусоидшавӣ ва чӣ дар қисмати коҳишдиҳӣ, аз ҷумла бо истифодаи аз неруи об суръати тоза мебахшад», — афзуд Мпҳепҳу Нндвелени.

Дар робита ба таассуроташ аз Тоҷикистон Мпҳепҳу Нндвелени изҳор намуд, ки Душанбе шаҳри бениҳоят зебо, тозаю озода ва сабзу хуррам  аст ва касро хушҳол мегардонад.

«Тамошои биноҳои баланду муосир,  кӯчаю хиёбон ва боғҳои гулпӯшаш, суҳбат бо мардуми меҳмондӯсту самимиаш маро хушҳол намуд. Ба ман махсусан хӯрокҳои миллии тоҷикон писанд омаданд. Мардуми Тоҷикистон хушбахтанд, ки чунин Ватани зебо ва зиндагии осуда доранд. Хушбахтӣ ва дороии онҳо  табиати нотакрор, чашмаҳои мусаффо, дарёҳои равон ва муҳимтар аз ҳама, тинҷиву осудагии  сарзаминашон мебошад, ки ба қадри он  бояд расид», — таъкид намуд ҳамсуҳбати мо.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 27, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид