Намояндаи SECO нишондиҳандаҳои мусбати бахши бонкии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи баланди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария, аз ҷумла дар доираи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати намояндагони Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO), Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки ҳамкорӣ ба пешбурди ислоҳот ва рушди муколамаи созанда байни давлатҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон роҳбари ҳайати SECO Пиетро Лаззери нишондиҳандаҳои мусбати бахши бонкии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, Бонки миллии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла хориҷ гардидани ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйхати таҳримҳо дар муҳлати кӯтоҳ табрик намуд. Таъкид гардид, ки чунин пешрафт ҳамчун нишонаи мусбат барои сармоягузорони байналмилалӣ хизмат мекунад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки ислоҳоти пайгирона дар бахши молиявӣ, аз ҷумла дар самти такмили низоми танзим ва назорат, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ба таҳкими устувории низоми бонкӣ мусоидат менамояд. Инчунин саҳми назарраси SECO дар татбиқи лоиҳаҳо таъкид карда шуд.
Мусоҳибон инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла такмили низоми назорати бонкӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявиро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон ҷонибҳо имконияти густариши ҳамкориро дар самтҳои нав баррасӣ намуданд. Пешниҳод гардид, ки ҳамкорӣ дар самти рушди механизмҳои ҳамкории фаромарзӣ байни бонкҳои марказӣ ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар бахши молиявӣ тақвият дода шавад.
Дар анҷом ҷонибҳо барои идома ва рушди ҳамкории мутақобили судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд






