Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
МУРҒОБ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Садҳо нафар наврасону ҷавонони маркази ноҳияи Мурғоб давоми ду рӯз атрофи дарёи Оқсу ва шохобҳои онро аз партову ахлот пок намуданд.
Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шаҳтут Сабзалиев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки «бо фарорасии фасли баҳор сатҳи рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва дарёи Оқсу баланд шуда, партову ахлоти атрофро шуста, ба воситаи дарёҳои Бартангу Ғунд ба дарёи Панҷ, ки яке аз дарёҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад, мебарад. Ҳамчунин дар ин фасли сол боронгариҳои пай дар пай ва шамолҳои сахт ҳар гуна маводи пластикиро ба ин дарё меандозанд, ки дар натиҷа ҳам одамон ва ҳам ҷонварҳои зериобӣ зарари зиёд мебинанд. Мутобиқи омори расмӣ, дарозии дарёи Панҷ 921 километр буда, қад-қади соҳили он бештар аз чор миллион сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ сукунат доранд ва як қисмашон бевоситаю қисми дигар тавассути насосҳои обкаш ин обро истеъмол мекунанд. Аз ин рӯ ҳифзи покию ширинии оби дарё, ки аз пиряхҳои зулолу беғубори кӯҳсорон маншаъ мегирад, ба масъулияти сокинони болооб вобастагӣ дорад».
Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят афзуд, ки ҳашари экологии «Соҳили тоза» чаҳор фасли сол идома меёбад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва кормандони идораю муассисаҳои шаҳрию вилоятӣ иштирок мекунанд. Бо фарорасии фасли тобистон баъзе сокинону меҳмонон ва сайёҳон дар соҳили ин дарё дастурхон ороста, дам мегиранд, аммо, мутаассифона, иддае аз онҳо пас аз дамгирӣ ҳар гуна партов, асосан бастаҳои полиэтиленӣ, шишаҳои пластикӣ, пучоқи меваҷоту сабзавот ва амсоли инҳоро партофта мераванд. Ҳарчанд ки мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зисти вилоят пайваста дар атрофи кӯлу дарёҳо бо сокинони гуногунсол мулоқоту суҳбатҳои инфродӣ баргузор мекунанд, аммо ба назар мерасад, ки ҳанӯз ҳам маърифати экологии баъзе аз сокинон ба дараҷаи кофӣ нарасидааст. Агар пас аз дамгирӣ партовҳоро ҷамъ карда, ҳамроҳи худ ба ҷои зарурӣ мебурданд, зарурати саргардон кардани садҳо нафар пеш намеомад.
Зимни ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» дар як рӯз беш аз 3 километр соҳили дарёи Оқсу ва шохобҳои он поку тамиз карда шуд. Дар ин ду рӯз зиёда аз 3,5 метри мураббаъ партовҳо аз соҳили ин дарё ҷамъоварӣ гардида, бо кумаки кормандони Хоҷагии коммуналии ноҳия ба партовгоҳи асосӣ интиқол дода шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






