Нигина Анварӣ: «Баргузории Конфронси ФАО дар Душанбе бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ва саҳми фаъолонаи он дар рушди устувори кишоварзӣ аст»

Май 9, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ  ифтитоҳ  мегардад. Дар ҳошияи баргузории ин конфронс хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Дар Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид кадом масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд?

Нигина Анварӣ: Интихоб гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун мизбони Конфронси 35-уми минтақавии минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ (11–15 майи 2026) далели эътирофи сиёсати хирадмандона ва нуфузи байналмилалии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин нақши калидии Тоҷикистон дар таҳкими амнияти озуқаворӣ мебошад.

Ин чорабинии сатҳи олӣ бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон  ва саҳми фаъолонаи он дар рушди устувори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист аст.

Конфронси минтақавии ФАО, ки ҳар ду сол баргузор мегардад, мақоми олии роҳбарикунандаи созмон дар минтақа буда, афзалиятҳои стратегӣ ва сиёсати агроозуқавориро муайян месозад.

Дар доираи ин ҳамоиши сатҳи баланд, масъалаҳои муҳим ва стратегии зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

 Таҳкими низомҳои агроозуқавории устувор ва фарогир

Масъалаи марказӣ — ин ҳамгироии чораҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ ва барқарорсозии заминҳо дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Конфронс роҳҳои гузариш ба низомҳои истеҳсолиеро баррасӣ мекунад, ки на танҳо талаботи аҳолиро бо ғизо таъмин менамоянд, балки захираҳои табииро низ барои наслҳои оянда ҳифз мекунанд.

Инноватсия, илм ва рақамикунонӣ (Формати YSInvest)

Дар доираи чорабиниҳои канории Конфронс, аз ҷумла Форуми сармоягузории «Насли ҷавон, илм ва инноватсия» (YSInvest), масъалаи истифодаи технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ муҳокима мешавад. Ин самт барои ҷалби ҷавонон ба соҳа ва баланд бардоштани маҳсилнокии меҳнат аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Робитаи мутақобилаи «Об — Энергетика — Озуқаворӣ — Экосистема» (Nexus)

Бо назардошти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи об, дар Конфронс робитаи зичи идоракунии захираҳои обӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ мавқеи хос хоҳад дошт. Ин махсусан барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити камобӣ ва тағйирёбии иқлим муҳим аст.

Маблағгузории занҷираи арзиши иловашуда

Иштирокчиён масъалаҳои ҷалби сармояи мустақимро ба бахши кишоварзӣ, эҷоди «кӯпрукҳои сармоягузорӣ» ва гузариш аз истеҳсоли ашёи хом ба коркарди ниҳоии маҳсулот бо мақсади афзун намудани иқтидори содиротии кишварҳо баррасӣ менамоянд.

 Нақши занон дар кишоварзӣ

Бо таваҷҷуҳ ба он ки соли 2026 ҳамчун «Соли байналмилалии занони фермер» эълон шудааст, дар Душанбе чорабинии махсус оид ба таҳкими ҳуқуқу имкониятҳои занон дар деҳот ва нақши онҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ гузаронида мешавад.

 Таъсири омилҳои глобалӣ ба амнияти озуқаворӣ

Дар нишастҳои сиёсии Конфронс таъсири вазъи геополитикӣ, халалдоршавии занҷираҳои таъминот ва коҳиши дастрасӣ ба нуриҳои минералӣ ва техникаи кишоварзӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ таҳлил ва роҳҳои ҳалли муштарак ҷустуҷӯ хоҳанд шуд.

Дар маҷмӯъ, Конфронси 35-уми ФАО дар Душанбе заминаи мусоидеро барои таҳияи «Харитаи роҳ»-и нави минтақавӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, аз ҷумла «Гурӯснагии сифрӣ» (Zero Hunger), фароҳам меорад.

АМИТ «Ховар»: Дар доираи Конфронс кадом лоиҳаҳои муштарак бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  барои рушди соҳаи чорводорӣ ва боғдорӣ баррасӣ мешаванд?

Нигина Анварӣ: Ҳадафи асосии Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  дар шаҳри Душанбе — ин гузариши соҳаи кишоварзии минтақа аз расонидани кумакҳои техникӣ ба трансформатсияи куллии низомҳои агроозуқаворӣ мебошад. Ин раванд бар чор рукни стратегии ФАО — «Чор самти беҳтаршавӣ» (Four Betters): истеҳсоли беҳтар, ғизои беҳтар, муҳити зисти беҳтар ва зиндагии беҳтар асос ёфтааст.

Дар доираи ҳамкории стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ФАО, дар соҳаҳои чорводорӣ ва боғдорӣ лоиҳаҳои зерин ҳамчун афзалиятҳои миллӣ баррасӣ мешаванд:

Дар соҳаи боғдорӣ ва коркарди маҳсулот

Боғдорӣ яке аз самтҳои калидии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва лоиҳаҳо ба таҳкими занҷираи арзиши иловашуда равона шудаанд:

Ташаббуси «Як кишвар – як маҳсулоти афзалиятнок» (OCOP): Дар доираи ин ташаббуси ҷаҳонӣ, Тоҷикистон зардолуро ҳамчун маҳсулоти стратегӣ интихоб намудааст. Лоиҳа ба таҳлили пурраи занҷираи аз «мазраъ то суфра», ворид намудани технологияҳои муосири хушккунӣ ва банду баст, инчунин мутобиқсозии маҳсулот ба стандартҳои байналмилалӣ барои содирот ба бозорҳои Аврупо  нигаронида шудааст.

Системаҳои меросии кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (GIAHS): Тоҷикистон таҷрибаҳои суннатии боғдории худро (масалан, боғҳои кӯҳии Помир ва водии Рашт) ҳамчун намунаи идоракунии устувори захираҳо ва ҳифзи гуногунии биологӣ муаррифӣ мекунад. Ин ба ҷалби сайёҳии аграрӣ ва эътирофи бренди миллии маҳсулоти экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ кумак мекунад.

Дар соҳаи чорводорӣ ва ветеринария

Ҳадафи асосӣ дар ин бахш таъмини амнияти биологӣ ва баланд бардоштани маҳсилнокии соҳа мебошад:

Равиши «Саломатии ягона» (One Health): Ин лоиҳаи стратегӣ ҳамгироии солимии одамон, ҳайвонот ва экосистемаро пешбинӣ мекунад. Он ба мубориза бар зидди бемориҳои фаромарзӣ (яшур, брутселлёз) ва таҳкими иқтидори озмоишгоҳҳои ветеринарӣ нигаронида шудааст.

Мубориза бо устувории зиддимикробӣ (AMR): Лоиҳа оид ба назорати истифодаи антибиотикҳо дар чорводорӣ, ки бевосита ба сифати маҳсулоти гӯштиву ширӣ ва саломатии аҳолӣ алоқаманд аст.

Идоракунии устувори чарогоҳҳо: Татбиқи лоиҳаҳои мутобиқшавӣ ба иқлим (Climate-Smart Livestock), ки барқарорсозии заминҳои чарогоҳ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави хӯрокунии чорворо дар минтақаҳои баландкӯҳ пешбинӣ мекунанд.

Ташаббусҳои глобалӣ ва сармоягузорӣ

Ташаббуси «Даст ба даст» (Hand-in-Hand): Истифодаи маълумоти геофазоӣ ва харитаҳои рақамӣ барои муайян кардани минтақаҳои дорои иқтидори баланди кишоварзӣ. Ин платформа барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба бахши хусусии кишоварзии Тоҷикистон истифода мешавад.

Форуми «YSInvest» (Youth, Science, Innovation, Investment): Ҳавасмандгардонии ҷавонон ва олимони соҳа барои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ҷалби сармояи «сабз» ба соҳаи агробизнес.

Дастгирии занони фермер: Бо назардошти он ки аз ҷониби ФАО соли 2026 ҳамчун «Соли байналмилалии занони фермер» эълон шудааст, лоиҳаҳои муштарак ба тавонмандсозии иқтисодии занони деҳот ва дастрасии онҳо ба захираҳои молиявию технологӣ тақвият бахшида мешаванд.

Конфронси 35-уми ФАО барои Тоҷикистон на танҳо як чорабинии дипломатӣ, балки майдони муҳим барои муаррифии иқтидори содиротӣ ва ҷалби технологияҳои пешрафта ҷиҳати муосиргардонии соҳаи кишоварзӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Зимни конфронс доир ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва хушксолӣ намояндагони давлатҳои иштирокчӣ кадом масъалаҳоро баррасӣ мекунанд?

Нигина Анварӣ: Дар шароити афзоиши таҳдидҳои иқлимӣ, дар маркази таваҷҷуҳи вазирони кишоварзии кишварҳои узв масъалаи «Муттаҳидшавӣ барои устуворӣ» (Uniting for Sustainability) қарор мегирад. Масъалаҳои асосӣ инҳоянд:

-Ҳамгироии сегонаи «Иқлим — Гуногунии биологӣ — Барқарорсозии замин»: Баррасии роҳҳои таҳияи сиёсати ягонае, ки на танҳо ба афзоиши ҳосилнокӣ, балки ба ҳифзи экосистемаҳо ва пешгирии таназзули замин (деградация) равона шудааст.

— Пешгӯии стратегии минтақавӣ (Strategic Foresight): Таҳлили дурнамои таъсири хушксолӣ ба низомҳои агроозуқаворӣ то соли 2050 ва таҳияи моделҳои мутобиқшавии фаврӣ ба ҳолатҳои буҳронӣ.

— Устуворӣ ба омилҳои беруна (Resilience Building): Таҳкими қобилияти низомҳои кишоварзӣ барои тоб овардан ба шокҳои иқлимӣ, аз ҷумла хушксолиҳои тӯлонӣ ва камобӣ, ки махсусан барои минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст.

— Идоракунии хатарҳои хушксолӣ: Гузариш аз мубориза бо оқибатҳои хушксолӣ ба низоми «пешгирӣ ва омодагии барвақтӣ» тавассути истифодаи маълумоти моҳвораӣ ва мониторинги рақамӣ.

АМИТ «Ховар»: Дар доираи конфронс аз ҷониби Тоҷикистон кадом лоиҳаҳо барои самаранок истифода бурдани об дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод мегарданд?

АМИТ «Ховар»: Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар масъалаҳои глобалии об, дар доираи Конфронс лоиҳаҳои зеринро бо таваҷҷуҳи махсус ба бахши кишоварзӣ муаррифӣ менамояд:

Консепсияи «Нексус: Об — Энергетика — Озуқаворӣ — Экосистема» (WEFE Nexus): Пешниҳоди лоиҳаи минтақавӣ оид ба идоракунии маҷмӯии захираҳои обӣ, ки истифодаи обро дар кишоварзӣ бо ниёзҳои энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳамоҳанг месозад.

Технологияҳои сарфакунандаи об ва «Кишоварзии ҳушманд» (Smart Irrigation): Лоиҳаҳо оид ба ҷорӣ намудани васеи обёрии қатрагӣ ва низомҳои автоматикунонидашудаи тақсими об дар заминҳои корам, ки имкон медиҳад сарфи об то 40% коҳиш дода шавад.

Мутобиқшавии иқлимӣ дар ҳавзаҳои дарёҳо (Basin Management): Лоиҳаи гузариш ба принсипи ҳавзавии идоракунии об, ки дар он ҷамоатҳои маҳаллӣ ва фермерон дар банақшагирии тақсими об саҳми бевосита мегузаронанд.

Истифодаи «Иқтисоди сабз» дар ирригатсия: Пешниҳоди лоиҳаҳо оид ба таҷдиди низомҳои обёрӣ бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия (энергияи офтоб барои насосҳои обкаш), ки хароҷоти истеҳсолиро кам ва самаранокии обро зиёд мекунад.

Ташаббуси «Даст ба даст» (Hand-in-Hand) барои харитасозии об: Истифодаи Платформаи геофазоии ФАО барои муайян кардани минтақаҳои аз хушксолӣ осебпазир ва ҷалби сармоягузорӣ ба бунёди инфрасохтори нави обрасонӣ.

Ин пешниҳодҳо имкон медиҳанд, ки Тоҷикистон на танҳо мушкилоти дохилии худро ҳал кунад, балки ҳамчун маркази муколамаи глобалӣ дар робитаи «Об ва Амнияти озуқаворӣ» нақши калидӣ бозад.

АМИТ «Ховар»: Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар  татбиқи “Барномаи давлатии кабудизоркунии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”  чӣ нақш  гузошта метавонад?

Нигина Анварӣ: Қабули «Барномаи давлатии  кабудизоркунии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ташаббуси хирадмандона ва оламшумули Пешвои миллат буда, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ  дар татбиқи он ҳамчун шарики калидии стратегӣ нақш мебозад.

Мутобиқат бо стратегияи «Муҳити зисти беҳтар»: Нақши ФАО дар ин барнома ба самти стратегии «Беҳтар намудани муҳити зист» (Better Environment) комилан мувофиқ аст. Созмон ба Вазорат дар самти барқарорсозии заминҳои таназзулёфта ва ҳифзи гуногунии биологӣ кумаки техникӣ ва машваратӣ мерасонад.

Ҷалби сармоягузории «сабз»: Дар доираи Конфронси 35-уми минтақавӣ дар Душанбе, чорабинии махсус таҳти номи «Пули сармоягузорӣ: аз лоиҳаҳо то маблағгузории бонкӣ» (The Investment Bridge) баргузор мегардад. Ҳадафи он муаррифии имкониятҳои сабзкории Тоҷикистон ба ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва фондҳои иқлимӣ барои ҷалби сармояи мустақим мебошад.

Ташаббуси «Даст ба даст» (Hand-in-Hand): ФАО бо истифода аз харитасозии геофазоӣ ва таҳлили додаҳо ба Тоҷикистон кумак мекунад, то минтақаҳои афзалиятнокро барои шинондани дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан муайян кунад, ки ин боиси боло рафтани самаранокии Барномаи кабудизоркунӣ мегардад.

АМИТ «Ховар»: Ҳамкории байни муассисаҳои таълимиву илмӣ ва ФАО барои ҷорӣ кардани методҳои нави кишт чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

Нигина Анварӣ: Ҳамкории илмӣ ва таълимӣ яке аз сутунҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистон ва ФАО мебошад. Ин раванд дар чанд самти калидӣ амалӣ мешавад:

Платформаи «GENERATION YSInvest»: Дар доираи Конфронси минтақавӣ дар шаҳри Душанбе, дар заминаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур форуми махсуси «Насли ҷавон, илм ва инноватсия» баргузор мешавад. Ин майдон барои муколамаи олимони ҷавони тоҷик бо коршиносони ҷаҳонии ФАО ҷиҳати омӯзиши методҳои инноватсионии кишт хизмат мекунад.

Мактабҳои саҳроии фермерӣ (FFS): Ин метод, ки аз ҷониби ФАО дастгирӣ меёбад, имкон медиҳад, ки дастовардҳои илмӣ мустақиман ба майдони кишт интиқол дода шаванд. Тавассути ин мактабҳо, мутахассисони илмии мо ба деҳқонон усулҳои нави «Кишоварзии ҳушманд» (Smart Agriculture), обёрии қатрагӣ ва истифодаи тухмиҳои ба иқлим тобоварро меомӯзонанд.

Ташаббуси «Як кишвар – як маҳсулоти афзалиятнок» (OCOP): Дар доираи ин ташаббус, муассисаҳои илмии кишоварзии кишвар бо дастгирии ФАО усулҳои пешрафтаи кишт ва парвариши зардолуро коркард мекунанд. Ин на танҳо боиси афзоиши ҳосилнокӣ, балки баланд шудани сифати маҳсулот барои содирот мегардад.

Рақамикунонии соҳаи илм: ФАО дар таҳкими иқтидори «Маркази рақамикунонӣ ва инноватсияҳои кишоварзӣ» саҳм гузошта, ба олимони мо имкон медиҳад, ки аз додаҳои моҳвораӣ барои назорати ҳолати киштзорҳо ва пешгӯии ҳосил истифода баранд.

Ин ҳамкорӣ замина мегузорад, ки соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз усулҳои анъанавӣ ба кишоварзии илмиву инноватсионӣ гузариш кунад ва амнияти озуқавории кишварро дар дарозмуддат таъмин намояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 9, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти дидбонгоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ» шинос шуданд
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе Ҷаласаи 11-уми минтақавии Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор гардид
«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе иштирок менамояд
Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Амрико мунтазам афзоиш меёбад
Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҳузури беш аз 2500 иштирокчӣ аз 100 давлати ҷаҳон пешбинӣ шудааст
«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад