Нишасти Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба рақамикунонӣ баргузор гардид

Май 5, 2026 09:17

ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе нишасти Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба масъалаҳои рақамикунонӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода баргузор гардид, ки дар он «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар барнома самтҳои асосӣ ва маҷмуи тадбирҳо барои суръат бахшидани раванди рақамикунонӣ муайян карда шудаанд.

Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ натиҷаҳои асосии раванди рақамикунонӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди рақамии мамлакатро муаррифӣ намуд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки рушди устувори рақамикунонӣ бе дастрасии интернети босифат ва боэътимод имконнопазир аст. Дар ин замина роҳбарияти Хадамоти алоқа «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро муаррифӣ намуд, ки ҳадафи он таъмини фарогирии интернети паҳнбанд ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии алоқа дар саросари мамлакат мебошад.

Шарикони рушд инчунин барои густариши ҳамкории мутақобили судманд ва дастгирии ташаббусҳои рақамикунонии мамлакат изҳори омодагӣ намуданд.

Дар анҷоми нишаст ҷонибҳо оид ба қадамҳои минбаъда барои таҳкими ҳамкорӣ ба мувофиқа расида, аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро таъкид карданд.

 

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2026 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд