Низоми бераводид байни Тоҷикистон ва Молдова нигоҳ дошта мешавад

Май 4, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки мутобиқи мувофиқаи бадастомада, аз 1 апрели соли 2026 низоми бераводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова барои дорандагони ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мувофиқаи мазкур дар пайи баромадани Ҷумҳурии Молдова аз Созишнома дар бораи сафарҳои бераводиди шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 9 октябри соли 1992 ба даст омада, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои сафарҳои мутақобили шаҳрвандони ду мамлакат равона шудааст.

Шаҳрвандони ду давлат метавонанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова бераводид ба муҳлати на зиёда аз 90 рӯз дар давоми ҳар давраи 180 рӯз сафар намоянд.

«Нигоҳдории низоми бераводид ба руҳияи муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова мутобиқ буда, ба манфиатҳои мутақобили тарафҳо ҷавобгӯ мебошад»,- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид