Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи истеҳсоли пилла дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ хабар доданд.
Роҳбарияти ноҳия иттилоъ доданд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастҷамъона меҳнат намуда, нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуданд.
Тибқи нақша, соли равон кирмакпарварони ноҳияи Дӯстӣ ҳосили фаровон рӯёнида, 17 тонна пилла супориданд.
Тибқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023 «Дар бораи андешидани тадбирҳо барои рушди соҳаи пиллапарварӣ» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ дар мавсими пиллапарварӣ ситод оид ба тақсими тухми кирмаки зиндашуда ва ҷамъоварии пилларо дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти соҳавии зертобеи ноҳиявӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ таъсис намуд. Дар натиҷа бо меҳнати софдилона нақшаи гузошташуда пурра иҷро гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки кирмакпарварони ноҳия то охири мавсими пилласупорӣ имкон доранд, ки ба таври илова боз беш аз 5 тонна пиллаи хушсифат супоранд.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






