Ноҳияи Данғара нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» хабар доданд.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида, кирмакпарварони ноҳияи Данғара имсол 3,5 тонна пилла истеҳсол намуда, аз ҳар 130 қуттии кирмак ба ҳисоби миёна 27-килограммӣ ҳосил ба даст оварданд.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андешидани тадбирҳои рушди соҳаи пиллапарварӣ» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои тақсими тухми кирмаки зинда, таъмини хоҷагиҳо ва ташкили дурусти мавсими пилласупорӣ тадбирҳои зарурӣ андешид.
Масъулони соҳа саҳми пиллапарварони ноҳияро дар истеҳсоли ашёи хоми саноатӣ ва рушди иқтидори содиротии мамлакат назаррас арзёбӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки кирмакпарварони ноҳияи Данғара ният доранд то анҷоми мавсим истеҳсоли пиллаи хушсифатро боз ҳам афзоиш диҳанд.
АКС аз манбаъҳои








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






