Ноҳияи Темурмалик нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» хабар доданд.
Пиллапарварони ноҳия зиёда аз 2,1 тонна пилла истеҳсол намуда, аз ҳар 80 қуттии кирмак 26,6-килограммӣ пилла ба даст оварданд.
Гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023 «Дар бораи андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ» дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, ҷараёни парвариши кирмак ва ҷамъоварии пилла таҳти назорати ситоди ноҳиявӣ қарор дошт.
Ҳамчунин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва маҳаллаҳо корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, барои рушди соҳа ва истеҳсоли пиллаи хушсифат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Пиллапарварони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки то охири мавсим истеҳсоли пиллаи хушсифатро бештар намоянд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад






