Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмиллалии сатҳи баланд «Даҳсолаи байналмиллалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи ЭСКАТО хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар оғози суҳбат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нақши Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоди иқтисодию иҷтимоии он — ЭСКАТО-ро дар рушди кишварҳои аъзои созмон муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ин замина аз сатҳи муносибатҳо бо тамоми ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон саҳми Созмони Милали Муттаҳид ва «Рӯзномаи 2030»-ро, аз ҷумла марбут ба масоили обу иқлим ва нақлиёту логистика дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир баланд арзёбӣ мекунад.
Муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана аз мусоидати фаъоли ЭСКАТО дар қабули ду қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо қарор дорад ва дар ин замина масъалаи обу иқлим бо инфрасохтори устувор ва пайвастшавии минтақавӣ ҳамеша дар мадди назар аст.
Дар мулоқот дар доираи Конфронс таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳамлу нақли бисёрҷанба, инчунин рушди инфрасохтор ва таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ зарур шумурда шуд.








Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид






