Қоҳир Расулзода бо Вазири федералии тағйирёбии иқлим ва ҳамоҳангсозии муҳити зисти Покистон Мусаддиқ Масъуд Малик мулоқот намуд

Май 26, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири федералии тағйирёбии иқлим ва ҳамоҳангсозии муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мусаддиқ Масъуд Малик мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сарвазири кишвар нахуст ба  кишвари дӯсту бародари Покистон барои дастгирии пайвастаи ташаббусҳои байналмиллалии Тоҷикистон, хусусан дар самти обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист, изҳори сипос намуд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкории ду кишвар дар самтҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёту транзит, амният, илму маориф ва ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо омодагии ҳамаҷонибаи худро барои таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди назар таъкид намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид