ОГОҲӢ! 10-12 май дар бештари қаламрави Тоҷикистон бориши бошиддати борони пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10–11 май дар бештари қаламрави ҷумҳурӣ, ба истисно аз минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои ноустувор бо боришоти борони хусусияти селӣ дошта ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Боришоти нисбатан шиддатнок дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Варзоб, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ёвон, Ваҳдат, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тавилдара, Лахш, Панҷакент, Данғара, Восеъ, Балҷувон, Темурмалик, Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз дар назар аст.
10 май дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15–20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд. Дар бештари ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ паст шудани ҳарорати ҳавои рӯзона то 8–10 дараҷа пешгӯӣ мешавад.
10-12 май бо сабаби ба амал омадани боришот дар вилояти Хатлон (бахусус ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Балҷувон, Темурмалик, Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон, шаҳри Кӯлоб), дар вилояти Суғд (бахусус шаҳри Панҷакент, ноҳияи Айнӣ) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (бахусус шаҳри Душанбе, водии Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Лахш, Сангвор, Рӯдакӣ), ҳамзамон дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (бахусус ноҳияи Дарвоз) сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад.
10-11 май бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд. Сокинон бояд вазъи боду ҳаворо ба назар гирифта, амал намоянд. Инчунин ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда, сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. Инчунин сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳиро доранд, бояд эҳтиёткор бошанд.
Барои пешгирӣ аз ворид шудани оби сел ба хонаҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳо бояд сари вақт аз ҳар гуна хасу хошок ва сангу рег тоза карда шаванд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






