ОГОҲӢ. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то 4 май хавфи сар задани сел боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 2-4 май бо сабаби ба амал омадани бориши дорои хусусияти сели маҳаллӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ боқӣ мемонад.
Инчунин 2-3 май дар минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ ба мамлакат ворид мегардад), баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), заррачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.
3-4 май бо сабаби ба амал омадани бориш дар дарёҳои Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Аз ин хотир Агентии обуҳавошиносӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд.








«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид






