Оид ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисони ҷавони соҳибтахассус Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Май 1, 2026 11:15

ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел дар шаҳри Душанбе байни  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати давлатии иқтисодиёт, рушди минтақавӣ ва энергетикаи Бавария Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисони ҷавони соҳибтахассус ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, санадро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва котиби давлатии ҷониби Бавария Тобиас Готтҳардт ба имзо расониданд.

Ин санад дар самти ҷалби мутахассисони ҷавони соҳибтахассус ба марҳилаи нави рушди ҳамкории дуҷониба оғоз бахшида, нишонаи азми қавии тарафҳо барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои муштарак мебошад.

Санади мазкур барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Он ҳамзамон имконоти навро дар самти ҷалби мутахассисони ҷавон, рушди иқтидори кадрӣ ва мутобиқсозии бозори меҳнат ба талаботи муосир муҳайё месозад.

Татбиқи Ёддошти тафоҳум ба густариши ҳамкории институтсионалӣ, мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии неруи корӣ мусоидат мекунад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2026 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд