Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои нақшаи амали қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар солҳои 2023-2025 ҷаласа баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шарикони иҷтимоӣ гузаронида шуд.
Иброз гардид, ки «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин замина таъмин намудани суботи иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Барнома маҷмуи тадбирҳоеро фаро мегирад, ки барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ шароит фароҳам оварда, ба ин васила барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии мамлакат замина мегузорад.
Иттилоъ дода шуд, ки солҳои 2023–2025 дурнамои маҷмуии чорабиниҳои барнома дар сатҳи 117,9 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат ба 499 ҳазор шаҳрванд хизмати иҷтимоӣ расонида шудааст.
Дар ҷаласа барои таъмини иҷрои босифати чорабиниҳои барнома дар давраи боқимонда қарори дахлдор қабул карда шуд.
Таъкид гардид, ки масъалаи баррасишуда барои татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои баргирифта аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аҳамияти муҳим дорад. Он инчунин ба дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон нигаронида шудааст, ки меҳвари ин сиёсатро дар бар мегирад.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






