Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи блогерони Ҷумҳурии Тоҷикистон, блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ дар мавзуи «Фазои иттилоотии бехатар: масъулияти блогерон дар пешгирии ҷиноятҳои муосири интернетӣ» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба масъулияти ҳуқуқӣ барои паҳн намудани маълумоти носанҷида, зарурати истифодаи масъулиятноки шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкории блогерон бо мақомоти дахлдор дар самти пешгирии таҳдидҳои иттилоотӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа баррасӣ гардиданд.
Иброз гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо масъалаи таъмини фазои иттилоотии бехатар, пешгирии паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар муҳити интернетӣ аҳамияти муҳим касб намудааст.
Блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ имрӯз дар ташаккули афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати рақамии шаҳрвандон ва паҳн намудани иттилооти зарурӣ нақши таъсиргузор доранд. Аз ин рӯ фаъолияти онҳо бояд бо дарки масъулияти баланди иҷтимоӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҷомеа ва давлат амалӣ карда шавад.
Таъкид шуд, ки таъмини фазои иттилоотии бехатар танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти муштараки давлат, ҷомеа, воситаҳои ахбори омма, блогерон ва ҳар истифодабарандаи интернет мебошад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






