Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат силсилавохӯриҳо идома доранд. Дар доираи ин тадбир бо ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи забон ва истилоҳот хабар доданд.
Силсилаи вохӯриҳо аз моҳи апрел то моҳи августи соли 2026 таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ» бо намояндагони вазорату идораҳо ва ҷавонони шаҳру ноҳияҳо доир мегардад.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва рушди давлатдории миллӣ сухан гуфт.
Ҳамзамон оид ба аҳамияти забони давлатӣ, риояи қонунгузорӣ дар самти забон, меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ ва фарҳанги ҳуҷҷатнигорӣ ибрози назар карда шуд. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун унсури муҳими худшиносии миллӣ оинаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллати тоҷик маҳсуб мешавад.
Қабул ва тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ шаҳодат медиҳад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?






