Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин санад бо мақсади рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи телевизион ва радио, таҳияи муштараки маводи аудиовизуалӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкории соҳавӣ ба имзо расонида шуд.
Тибқи ин санад ҷонибҳо дар самти таҳияи муштараки барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, аз ҷумла гузоришҳои мавзуӣ, филмҳои мустанад ва дигар маводи аудиовизуалӣ ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамзамон он ба густариши ҳамкории соҳавӣ ва таҳкими мавқеи воситаҳои ахбори оммаи ду давлат дар фазои байналмилалии иттилоотӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи ҳамкории техникӣ ва технологӣ ҷонибҳо барои рушди иқтидори техникӣ ва технологӣ дар самти пахши телевизионӣ ва радиоӣ ба ҳамдигар мусоидат менамоянд. Самт ва шакли ҳамкорӣ вобаста ба имконият ва мувофиқаи ҷонибҳо муайян мегардад.
Инчунин дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ табодули таҷрибаи касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон пешбинӣ шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






