Оид ба саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид

Май 13, 2026 11:19

ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» (25-28 май) дар мавзуи «Саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни конфронс Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки Сарвари давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори идеяҳои башардӯстона ва ҳамгироёнаи масоили обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист эътироф гардидаанд.

Яке аз ташаббусҳои беназири Ҳукумати Тоҷикистон барои амалӣ намудани иқдоми беназиру саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фароҳам овардани платформа барои ташкили муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалҳо дар соҳаи захираҳои об ва рушди устувор- ин Раванди оби Душанбе мебошад. Дар доираи он Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид барои татбиқи амалии ҳадафҳои меҳварии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳар ду сол конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд баргузор менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи платформаи Раванди оби Душанбе то имрӯз се конфронси байналмилалии сатҳи баланд (солҳои 2018, 2022, 2024) ва инчунин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2023 баргузор гардид. Дар айни замон дар мамлакат омодагӣ ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 доир мегардад, идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2000 ин ҷониб ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвонҳои «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (2025), «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» (2025-2034), «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» (соли 2025) ва «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» (соли 2025) пайваста аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Май 13, 2026 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд