ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ. Дар ноҳияи Варзоб барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд

Май 15, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 15.05.2026  /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти унвони «Оила – макони меҳру садоқат» барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар доданд.

Дар ҳамоиш ба 10 нафар навхонадорон аз ҷониби масъулини бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба таври тантанавӣ шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуданд. Ба чанд кӯдаки навзод низ шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳо супорида шуданд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон аз рӯзгори бостон то имрӯз бо фарҳанги волои оиладорӣ, ҳамсоянавозӣ ва ватанпарварию миллатдӯстӣ машҳур гардидаанд.

Оила – макони меҳру садоқат буда, ҷое аст, ки дар он фазои меҳру муҳаббатро ҳар узви хонадон эҳсос менамояд. Дар оила инсонҳо ҳамдигарро дастгирӣ намуда, эҳтиром менамоянд ва дар ҳар лаҳзаи хушию ғам паҳлуи ҳам меистанд. Оила пояи устувори зиндагӣ ва макони таълим ва тарбияи инсони солим мебошад.

АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Май 15, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд