Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Марк Боуман мулоқот анҷом дод, ки зимни он масъалаҳои амиқсозии шарикии стратегӣ ва татбиқи самарабахши Стратегияи нави кишварии бонк мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи тавсеаи ҳаҷми маблағгузории имтиёзнок ва афзоиши ҳиссаи грантҳо дар бастаҳои лоиҳавии оянда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамчунин зимни суҳбат самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҷорӣ намудани киберамният дар бахши энергетика, дастгирии соҳибкории хусусӣ ва рушди коркарди амиқи ашёи хоми маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаи густариши лоиҳаҳои экологӣ, аз ҷумла декарбонизатсияи шаҳрҳо ва муосиргардонии инфрасохтори обтаъминкунӣ ва роҳҳоро муҳокима намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад






