Ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд дар суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Таиланд Сихасак Пхуангкеткеоу баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо барои густариши ҳамкории минбаъда, аз ҷумла баргузории машваратҳои сиёсӣ ва консулӣ дар ояндаи наздик байни ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ ба мувофиқа расидаанд.
Дар зимн ҷонибҳо аҳаммияти тавсеа ва таҳкими баъдии муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишварро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию маориф мубодилаи ҷавонон ва фарҳангию сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуданд
Зимни гуфтугӯ ҳамзамон идомаи тақвияти минбаъдаи заминаҳои ҳуқуқӣ байни ду кишвар мувофиқи мақсад дониста шуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ду давлат дар доираи созмону ташкилоти байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Тавсеаи бештари тамосҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими нақши дипломатияи парлумонӣ дар муносибатҳои ҳарду кишвар ба мақсад мувофиқ дониста шуда, аҳаммияти муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ва зарурати фаъол гардонидани кори Гурӯҳи муштараки дӯстии байнипарлумонӣ ҳамчун василаи муҳими густариши ҳамкории гуногунҷанба байни ду давлат таъкид карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд






