Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»

Май 13, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро тақвият дода, ҳамкориро бо кишварҳои минтақа густариш медиҳад. Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Дафтари робитаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо Федератсияи Русия Олег Кобяков оид ба ин конфронс ибрози назар намуд.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо ин конфронс барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад?

Олег Кобяков: Баргузории ин конфронс барои давлатҳои минтақа, хусусан Тоҷикистон муҳим аст. Пас аз ислоҳоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, ки соли 1910 гузаронида шуда буд, онҳо аз мақоми маҷлисҳои даврӣ ба мақомоти асосӣ бардошта шуданд, аз ин рӯ онҳо на танҳо иштирокчиён, балки аъзои махсус мебошанд. Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ панҷ минтақа дорад, ки минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, албатта, хеле гуногун ва сершумор аст. Он 54 кишвари аъзо ва ташкилоти аъзо дорад. Аз ин рӯ, ин нишастҳо ва конфронсҳо, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешаванд, на танҳо барои кишварҳои минтақа, балки барои тамоми созмон, аз ҷумла барои Тоҷикистон, ки давлати ташаббускор мебошад, хеле муҳиманд. Баргузории он барои муайян кардани афзалияти минтақавӣ хеле зарур мебошад.

АМИТ «Ховар»: Масъалаҳои муҳиме, ки дар конфронс ба онҳо ааҳамият дода мешавад, кадомҳоянд?

Олег Кобяков: Дар конфронс масъалаҳои мубрам, аз қабили баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, таъмини рушди устувори истеҳсолот ва бахши кишоварзӣ дар робита ба афзоиши аҳолӣ, рафъи таконҳои мухталифи ҳам иқтисодӣ ва ҳам иқлимӣ, ки ба амнияти озуқаворӣ таъсир мерасонанд, баррасӣ карда мешаванд. Мушкилоти татбиқи дастовардҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҷараёни маблағгузории устувор ва вокуниш ба мушкилот дар соҳаи бемориҳои фаромарзии ҳайвонот ва ҳашароти зараррасон низ дар ин ҷо баррасӣ мегарданд.

АМИТ «Ховар»: Ин рӯзномаи васеъ ва гуногунҷанбаро ҳоло намояндагони 54 кишвари ҷаҳон, аъзои конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баррасӣ мекунанд. Шумо аз ҳама ҷаласаҳо ва форумҳо чӣ натиҷаҳоро интизоред?

Олег Кобяков: Мо интизор дорем, ки давраи конфронсҳои минтақавӣ, ки дар Африқо, Амрикои Лотинӣ, Шарқи Наздик ва кишварҳои Осиё-Уқёнуси Ором, ки аллакай баргузор шудаанд, саҳми муҳим дар таҳияи барнома ва буҷети созмон барои давраи ду соли оянда хоҳад буд. Онҳо барои ҷалби ҷараёнҳои нави молиявӣ ва дар ҳолати зарурӣ барои тағйири самти ҷараёнҳои мавҷуда кумак хоҳанд кард. Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бояд аз замон пеш равад, ҳарчанд ки вазифаи асосии созмони мо мубориза бар зидди гуруснагӣ ҳисобида мешавад, вале таърихан гуруснагӣ дар ин ҷо, тавре дар рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст, бартараф хоҳад шуд. Баъди чанде пешравӣ дар ин минтақа дида мешавад. Албатта, на он қадар базудӣ, ки мо мехоҳем, аммо барои мо муҳим аст, ки афзоиши устувори некӯаҳволӣ ва даромади меҳнаткашони деҳот, пеш аз ҳама, деҳқонони хурди оилавӣ, инчунин некӯаҳволӣ ва таъминоти озуқавории сокинони шаҳрро таъмин намоем. Зеро дар шаҳрҳо ҳоло шумораи аҳолӣ рӯ ба афзоиш аст ва сокинони шаҳр наметавонанд худашон озуқаро парвариш ва истеҳсол кунанд.

АМИТ «Ховар»: Ташаббусҳои Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо, оби тоза ва тағйирёбии иқлим чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Олег Кобяков: Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тарзи худ беназиранд. Ин кишварҳое ҳастанд, ки бо мушкилоти шадиди марбут ба тағйирёбии иқлим рӯбарӯ ҳастанд. Ба ин болоравии ҳарорат, мушкилоти обшавии пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми захираҳои обӣ барои кишоварзӣ, рушди шаҳрҳо ва моҳипарварӣ дохил мешаванд. Инҳо мушкилоти пайвастагии логистикии масири дарози нақлиёт мебошанд, ки аз як тараф, воридоти маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва аз тарафи дигар, содиротро тақозо мекунад. Бояд гуфт, ки кишварҳои минтақа назар ба дурнамои таърихии 20-30 сол пеш муваффақона мубориза мебаранд. Ман хушбахтам, ки дар раванди омодагӣ ба ду конфронси калон бахшида ба захираҳои об иштирок доштам.

Соли 2025 Созмони Милали Муттаҳид Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро эълон кард. Ин рӯз, ки ҳамасола 22 март таҷлил мешавад, тасодуфӣ нест ва ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об интихоб шудааст. Ман директори намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Москва мебошам ва дар кори худ мо ба масъалаҳои об ва пиряхҳо низ аҳамияти зиёд медиҳем.

Мо якҷо бо Ҷамъияти ҷуғрофиёии Русия чорабинии мавзуӣ гузаронидем ва ман, гарчанде ки мутахассис нестам, дар бораи пиряхҳои Тоҷикистон ва аҳамияти беандозаи онҳо барои таъмини тамоми зерминтақа бо захираҳои пурарзиши обу энергетикӣ бисёр чизҳоро омӯхтам. Албатта, ман Ҳукумати Тоҷикистон ва тамоми шаҳрвандони ин ҷумҳурии зеборо барои мизбонии Конфронси ҷаҳонии пиряхҳо дар соли 2025 табрик мекунам.

Дар ин замина метавон иброз намуд, ки лоиҳае, ки Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои се кишвари водии Фарғона амалӣ мекунад, ҷолиб аст. Ин лоиҳа, ки аз ҷониби Федератсияи Русия тавассути Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкории ҷануб-ҷануб маблағгузорӣ мешавад, пеш аз ҳама, ба идоракунии устувори об нигаронида шудааст.

АМИТ «Ховар»: Оё Шумо аз ин пештар дар Тоҷикистон будед? Таассуротатон аз тамошои мамлакати мо чӣ гуна аст?

Олег Кобяков: Ман соли 2003 барои иштироки ҳайати Русия дар конфронси об омодагӣ медидам, вале, мутассифона, дар он иштирок накарда будам. Ҳарчанд ман солҳои охир дар кишварҳои ҳамсояи шумо будам, вале ин аввалин сафари ман ба Душанбе аст. Ман аз нигоҳ доштани анъанаҳои таърихӣ, меъмории нодир ва сохтмонҳои азими нав, ки аз ҷиҳати сармоягузорӣ, зебоӣ ва иҷрои меъморӣ хеле ҳайратоваранд, хеле мутаассир шудам.

Ҳамаи корро сокинони мамлакати шумо бо муҳаббати зиёд ба ҷо меоранд. Маълум аст, ки ҳукумат дар ин ҷо барои сармоягузорӣ ба инфрасохтор хароҷотро дареғ намедорад. Тоҷикон хамчун бинокор дар тамоми ҷаҳон шуҳрат доранд. Онҳо шояд беҳтарин бинокорони имрӯза бошанд. Ман дар ин ҷо дидам, ки онҳо барои худ беҳтаринҳоро месозанд. Имрӯз мардуми тоҷик ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки мизбонии ин конфронсро ба уҳда дорад, бо ҳама ҳайатҳо гарму самимӣ муносибат мекунанд, ки ин аз маданияти баланди тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 13, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Дар Душанбе оид ба Стратегияи рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ҷаласа доир шуд
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо намояндагони пешбари ширкатҳои технологии чинӣ вохӯрӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ идома дорад
Доир ба робитаи байни захираҳои обӣ, энергетика, озуқаворӣ ва экосистемаҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаласа баргузор шуд
Дар Брюссел ҳамкории Тоҷикистон ва Белгия дар соҳаи андоз баррасӣ гардид
Мудири кулли ФАО: «Дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиии обу замин бояд оқилона муносибат кард»
Дар Конфронси ФАО дар Душанбе тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва вайроншавии замин баррасӣ шуд
Иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre» ба маърази тамошо гузошта шуд
Жанна Исина: «Баргузории конфронси сатҳи баланд дар Душанбе мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро тақвият медиҳад»

Маводҳои таҳлилӣ