Ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷамъбастии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Олимпиада аз 30 апрел то 2 май аз рӯи фанҳои асосии таълимӣ, аз ҷумла математика, информатика, физика, химия, биология, таърихи халқи тоҷик, забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид. Дар ин олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 695 донишҷӯ аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ғолибон аз рӯи 9 фанни таълимӣ муайян гардида, бо Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин роҳбарони муассисаҳои таълимие, ки шогирдонашон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки олимпиада бахшида ба 35–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҳадафи он тарбияи кадрҳои баландихтисос, тақвияти шавқи ҷавонон ба илм, таҳкими неруи зеҳнӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат мебошад.
Изҳор гардид, ки солҳои охир таҳсилоти миёнаи касбӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқсозии он ба талаботи замони муосир тадбирҳои муассир амалӣ гардонида мешаванд.
Чунин олимпиадаҳо на танҳо майдони санҷиши дониш, балки василаи муҳими ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ байни ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Онҳо имконият фароҳам месозанд, ки донишҷӯён дар фазои рақобати солим қобилият нишон дода, таҷриба ба даст оранд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






