Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он 75 донишҷӯ иштирок намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Озмун тибқи низомномаи тасдиқшуда доир шуда, ҳайати ҳакамон аз ҳисоби устодон ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ интихоб гардидаанд
Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу дақиқи корнамоиҳои мондагор ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, инчунин ҷалби аҳолӣ ба китобхониву китобдӯстӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими кордонию роҳбарӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишри ҷомеаи мамлакат, бахусус донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.
Ҳайати ҳакамон мекӯшанд, ки аз байни довталабон беҳтарин донандагони асарҳои Пешвои миллатро интихоб карда, барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат диҳанд.
Озмун барои таҳкими худшиносии миллӣ, ба воя расонидани коршиносони масоили сиёсию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон аз байни ҷавонон заминаи устувор фароҳам меорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






