Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон– муқобили коррупсия» қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 май бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату идораҳо дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон–муқобили коррупсия» баргузор карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, озмун бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Моҳвораи ҷавонон» аз 25 апрел то 23 май гузаронида шуд. Ҳадафи он аз баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, бахусус ҷавонон ба масъалаи муқовимат ба коррупсия иборат буд.
Дар чорабинӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, роҳбарият ва шахсони масъули Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, инчунин масъулин ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон–муқобили коррупсия» дар номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин» ва «Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ (аз ҷумла, бо истифода аз технологияи рақамӣ)» аз рӯйи ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм, инчунин ҷойҳои ифтихорӣ бо «Диплом», «Сипоснома», ҷоиза, мукофотпулӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷом барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ пешкаш карда шуд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






