Ҷонибек Ҳикмат: «Баргузории Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе таҷассумгари саҳми шоистаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад»

Май 27, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Дар Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки имрӯзҳо пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аз он мизбонӣ менамояд, иштирокдоронаш масъалаҳои муҳими марбут ба мушкилоти соҳаи об ва таъмини амнияти обиро дар ҷаҳон баррасӣ намуданд, ки таҷассумгари саҳми шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад», — иброз намуд дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат.

Номбурда афзуд, ки Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони байналмилалӣ доир карда шуда, баргузории он дар Душанбе идомаи мантиқии ташаббусҳои пайгиронаи глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дипломатияи об ва идораи устувори захираҳои обӣ мебошад.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ иброз намуд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005–2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об — 2013, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», инчунин эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро қабул намуд. Ин ташаббусҳо нақши Тоҷикистонро ҳамчун яке аз давлатҳои пешсаф дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини рушди устувор таҳким бахшиданд.

Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланди Душанбе ба минбари муҳими байналмилалӣ барои баррасии татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, густариши ҳамкорӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва пешбурди иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҳифзи экосистемаҳои обӣ табдил ёфт.

Конфронс ҳамчун яке аз марҳилаҳои асосии омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои оби соли 2026 ва идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти идораи устувори захираҳои об арзёбӣ мегардад.

Зеро дар кори конфронс намояндагони воломақоми давлатҳои хориҷӣ, вазирон, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, намояндагони муассисаҳои низоми Созмони Милали Муттаҳид, хусусан Фиристодаи махсуси Дабири кулли СММ, сохторҳои байналмилалии молиявӣ, коршиносони соҳаи экология, гидрология, энергетика, сиёсати иқлим ва рушди устувор иштирок намуданд, ки бозгӯи ҷонибдорӣ ва эътирофи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», суръат бахшидан ба дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, пеш аз ҳама ҲРУ-6, инчунин масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, пешгирии буҳронҳои обӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ равона гардидаанд.

Ҷонибек Ҳикмат таъкид намуд, интизориҳо аз Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланди Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» зиёд аст.

Изҳори бовар карда шуд, ки Конфронси сатҳи баланди Душанбе натиҷаҳои самарабахш медиҳад. Яке аз онҳо, қабули чаҳорчӯбаи СММ хоҳад буд. Инчунин, баъди Конфронси 4-уми сатҳи баланди Душанбе Қатъномаи нав барои баррасии ҷуъиёти Конфронси соли 2028 –и СММ шуруъ мегардад ва яке аз нуқтаҳои муҳими он чаҳорчӯбаи нав мебошад.

Интизор меравад, ки идея ва пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳон эътироф менамояд ва он имкон медиҳад, ки баъди соли 2030 ҳам Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалии худ дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо муваффақ гардида , корҳои зиёдеро дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳон анҷом диҳад.

Бояд тазаккур дод, ки дар Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ пешниҳод намуданд, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад.

Ин чаҳорчӯб метавонад равандҳои ҷориро дар масъалаҳои об таҳким бахшида, заминаи мусоидро барои ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад. Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ба мақсади тавсеаи ин талошҳо ва амалисозии онҳо имрӯз зарурати гузариш ба марҳалаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба миён омадааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 27, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Сангвор бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар ноҳияи Фирдавсӣ доир ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид