ПЕШГИРӢ АЗ ХУШУНАТ–ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ОИЛАИ СОЛИМ. Дар ин мавзуъ бо сокинони Файзобод вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти унвони «Пешгирӣ аз хушунат–омили пойдории оилаи солим» бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз баргузории мулоқот баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию иҷтимоии шаҳрвандон, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, пешгирии хушунат дар муҳити оила, тарғиби муносибатҳои неки инсонӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҷалби ҷомеа ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мебошад.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам доир ба аҳамияти таҳкими арзишҳои миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва эҳтироми мутақобили байни аъзои оила андешаронӣ намуд.
«Оилаи солим заминаи асосии ташаккули ҷомеаи пешрафта буда, тарбияи дурусти фарзандон, муҳаббат, таҳаммулпазирӣ ва масъулиятшиносӣ дар пойдории он нақши калидӣ доранд. Пешгирии хушунат танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти ҳар узви ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги оиладории тоҷикона аҳамияти бештар касб мекунад»,–баён намуд Рудобаи Мукаррам.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён изҳор дошт, ки пойдевори оилаи солим аз эҳтироми мутақобил, сабр ва масъулияти аъзои он оғоз меёбад. Танҳо тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини баробарии гендерӣ ва дастгирии фаъоли давлатӣ метавон оиларо ҳамчун гаҳвораи тарбияи насли солим ва омили суботи давлат ҳифз намуд.
Таъкид гардид, ки барои ҳар фарди худогоҳу хештаншинос оила муқаддас аст. Устувору пойдории он аз муҳаббати самимӣ ва иродаи қавии зану шавҳар вобаста аст. Оиладорӣ фарҳанги бузургу ҳисси ватандӯстӣ мебошад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, пешгирии хушунат ва тарбияи дурусти наврасону ҷавонон суханронӣ намуд.
«Огоҳии ҳуқуқӣ ва маърифати баланди шаҳрвандон метавонад дар коҳиш додани мушкилоти иҷтимоӣ нақши муассир гузорад. Эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд аз муҳити оила оғоз гардад. Муҳити солими равонӣ ва муносибати неки байниҳамдигарӣ метавонад барои тарбияи фарзандони солим ва ҷомеаи пешрафта замина гузорад»,–афзуд Умед Бобозода.
Баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оилаи солим, пешгирии хушунат ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим дорад.
АКС: Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






