Пешвои миллат: «Дар рӯзҳои ид сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем»
ДУШАНБЕ, 27.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: « иди Қурбон тӯй нест, балки як маросими динӣ ва ойини эътиқодӣ аст, ки бояд дар асоси арзишҳои ахлоқӣ ва бо риояи меъёрҳои сарфаю сариштакорӣ баргузор карда шавад.
Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки тақрибан ду даҳсола қабл дар кишвари мо Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд, ки он дар роҳи ба низоми муайян даровардани фарҳанги баргузории маъракаҳо ва пешгирӣ кардани зиёдаравию исрофкорӣ нақши назаррас гузошт.
«Дар асоси муқаррароти ин қонун мо бояд ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо ва хусусан дар рӯзҳои ид сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва маросими диниву эътиқодиро, ки мардумро ба хайру саховат ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят мекунад, ба намоиши хурофоту таассуб табдил насозем», -изҳор доштанд Пешвои миллат.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, сарфаи маблағҳо ва худдорӣ кардан аз хароҷоти беҳуда ба оилаҳо имконият медиҳад, ки ба таълиму тарбияи фарзандон, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳли хонадон ва ободонии рӯзгори хеш таваҷҷуҳи бештар диҳанд. Аз хотир набарорем, ки Худованд дар маркази ҳама фарзиёту воҷибот ва маросиму ойинҳои эътиқодӣ манфиат ва саодати инсонро гузоштааст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуданд, ки «ҳамватанони азизи мо аз вазъияти ноорому буҳронии ҷаҳони муосир хуб огоҳанд. Маҳсулоти ғизоӣ дар бисёр кишварҳои олам рӯз ба рӯз камчин ва нархҳо босуръат боло рафта истодаанд. Дар чунин шароит мо бояд, қабл аз ҳама, ба рушди иқтисоди ватанӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин диққати аввалиндараҷа дода, дар фикри захираи дусолаи маводи ғизоӣ, яъне таъмини фарзандон ва аҳли оилаи худ бошем».
Мо бояд бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза амал кунем, бештар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва амнияти озуқавории кишварамонро, ки яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад, таъмин намоем.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






