Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.
Иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад.
Ба поси гиромидошт аз истиқболи хоки оромгоҳи фарзандони баруманди миллат, саҳни фурудгоҳ оро дода шуда, сарбозони Қаровули фахрӣ дар ду ҷониби роҳрави бо қолини сурх густурда саф оростанд.
Дар фазои мутантани эҳтиром ва шоистагӣ, пас аз гузориши шахсони масъул ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарбозони Қаровули фахрӣ қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистонро, ки бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида шуда буданд, бо эҳтироми хос аз ҳавопаймо поён оварда, бо қадамзании мутантани маросимӣ ба майдони фурудгоҳ интиқол доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои таърихии Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар назди қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи онҳо бо самимияти амиқ арзи арҷу эҳтиром намуданд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷоновари таърихӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд.
Воқеан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи Ватан мавриди омӯзиш ва қадршиносии шоиста қарор гирифта, ном ва корномаи онҳо ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқату фидокорӣ ба давлату миллат гиромӣ дошта мешавад.
Ин иқдоми наҷибона ҳамчун идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шуда, бори дигар собит менамояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Сипас, ҳайати ин маросими таърихӣ бо ҳамроҳии дастаи роҳнамои мотосиклронҳо ба сӯи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ҳаракат намуданд.
Пас аз маросими ҷаноза, дар оромгоҳи Лучоб маросими ба замин супоридани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом дода мешавад.
Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.
Кунун ин қаҳрамонони миллӣ, фарзандони сарсупурдаи миллати бостонии тоҷик дар Ватани бобоии худ, Тоҷикистони азиз — кишваре, ки барояш ҷони ширини хеш нисор кардаанд, соҳиби оромгоҳи худ мешаванд. Ин иқдом, бешак, боиси оромиши руҳу равони ин шаҳидони роҳи озодӣ гардида, барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз собит менамояд, ки Ватан хизматҳои арзишманди фарзандони фидокору сарсупардаи худро ҳаргиз фаромуш намекунад, дер ҳам бошад, арҷ гузошта мешавад.
Бешубҳа, ин арҷгузорӣ ва ин қадршиносӣ аз фарзандони сарсупурдаи тоҷикони сарфароз ба номи Пешвои маҳбуб, Сарвару Раҳнамои пурҳикмати миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих ҷовидон сабт мегардад.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон
Миллат пешвоси муҳтарам Эмомали Раҳмоннинг БМТ «2027-2036 йиллар, Келажак авлодлар учун тинчликни мустаҳкамлаш халқаро ўн йиллиги» номли резолюциясининг қабул қилиниши ва Миллий бирлик куни муносабати билан табриги
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд






