Пиллапарварони ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» хабар доданд.
Пиллапарварони ноҳия тибқи нақша зиёда аз 7,1 тонна пилла истеҳсол намуда, аз ҳар 250 қуттии кирмак 28,5-килограммӣ пилла ба даст оварданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023 «Дар бораи андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ» дар ноҳия ситоди махсус таъсис дода шуда, корҳои тақсимоти тухми кирмак, парвариш ва ҷамъоварии пилла зери назорати доимӣ қарор доштанд.
Ҳамчунин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва маҳаллаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастгирии соҳавӣ гузаронида шуда, барои рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.
Пиллапарварони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки то охири мавсим имконотро пурра истифода намуда, истеҳсоли пиллаи хушсифатро боз ҳам афзоиш диҳанд.
АКС аз бойгонӣ








Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст






