Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи соҳаи маориф таҳлил гардида, барои ислоҳи камбудиҳо дар ин бахш дастуру супориш дода шуд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳо дар ин бахш, аз ҷумла супориш доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба талаботи бозори меҳнат тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Инчунин ба масъулин супориш дода шуд, ки иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ таъмин шуда, корҳо оид ба таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои муосир вусъат бахшида шаванд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста оид ба сатҳу сифати таълим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд. Маҳз ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин инкишофи тафаккури техникии насли наврас Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 1 январи соли 2026 тасдиқ гардид.
Барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин маблағ нисбат ба соли 2025, ки барои гузаронидани озмун 9 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, 650 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Баргузории озмун давоми солҳои 2021-2025 нишон дод, ки байни ҷавонону наврасони мамлакат таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ чанд маротиба зиёд шуда, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст.
Инчунин «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» амалӣ гардид. Дар марҳилаи аввал, яъне аз солҳои 2021 то 2025 аз ҳисоби буҷаи давлат ба маблағи 5 миллиону 298 ҳазору 605 сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ ва реактивҳои химиявӣ харида шуда, ба якчанд муассисаи таҳсилоти мамлакат ворид карда шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






