Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд

Май 13, 2026 19:17

ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз шаҳри Чонгчин боздид намуда, бо Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистон бо ин шаҳр, ки яке аз қутбҳои муҳимтарини саноативу инноватсионии Чин ба шумор меравад, баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, Чонгчин бо 34 миллион аҳолӣ яке аз бузургтарин шаҳрҳо ва марказҳои логистикӣ дар роҳи пайванди Чин бо Осиёи Марказӣ аз аҳаммияти стратегӣ бархурдор буда, дар татбиқи ташаббуси глобалии «Як камарбанд, як роҳ» нақши калидӣ мебозад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори роҳандозии ҳамкории босамар бо ин шаҳр дар соҳаҳои саноат, технологияҳои нав, энергетикаи “сабз”, илм, маориф, алоқа, бунёди “шаҳрҳои ҳушманд”, буда, сохторҳои давлатию хусусии ҳарду ҷонибро ба роҳандозии робитаҳои ҳамкории судманд ташвиқ менамояд.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин, ба омодасозии кадрҳои ҷавони бахшҳои инноватсия ва технологияҳои муосир аз тариқи табодули донишҷӯёну устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷудо намудани бурсияҳои иловагӣ барои ҷавонони тоҷик, зоҳир гардид.

Тавре зикр гардид, ҳоло 118 донишҷӯи тоҷик дар ин шаҳр таҳсили илм доранд. 3 омӯзгори тоҷик ҳам дар ин ҷо кор мекунанд.

Зимни мулоқот тасмим гирифта шуд, ки ҳар сол 50 квотаи иловагӣ барои ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин шаҳр ҷудо карда шавад.

Пас аз мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн аз Намоишгоҳи нақшаи рушди шаҳрсозии Чонгчин боздид намуданд.

Ба ифтихори сафари давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин шоу-намоиши рангини дронҳо баргузор гардид. 5 ҳазор дрон аксҳои манзараҳои зебо ва таърихии Тоҷикистону Чин, роҳи Абрешим, меросҳои ғайримоддии ду кишварро тасвир намуданд, ки бисёр хотирнишин буд.

Мулоқот бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Чунчин Юан Ҷияҷюн 13.05.2026

Май 13, 2026 19:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд