Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи парлумониро «яке аз василаҳои муассир, дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ» номида, таъкид доштанд: «Мо ҷонибдори идомаи босамари робитаҳои байнипарлумонӣ мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ду кишвар ҳастем».
Рушду тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамчунин, «заминаи устувори шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин дар давраи нав» арзёбӣ гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсис ва оғози фаъолияти Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ки нахустин ҷаласаи он моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Пекин баргузор гардид, истиқбол намуданд.
Дар идома масъалаҳои табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти парлумонӣ, аз ҷумла дар самти такмили қонунгузорӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи муосир, дастгирии навовариҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамию зеҳни сунъӣ, гузариш ба энергетика ва саноати «сабз», рушди робитаҳо дар соҳаи фарҳангию башарӣ ва дигар самтҳои мавриди назари муштарак муҳокима гардиданд.









Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






