Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Чин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷалб намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чинро шарики боэътимод ва калидии худ дар ин раванд номиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки кишварҳои мо дар соҳаи гардиши тиҷоратӣ нишондиҳандаҳои қобили таваҷҷуҳ доранд.
Таъкид шуд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 6 миллиард доллар расидааст, ки аз он қариб 3,5 миллиардашро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ ҷиҳати ҷалби сармоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сармоягузорон амалишаванда андешаронӣ намуданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки соли гузашта дар кишвари мо қонун “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” дар таҳрири нав қабул шуд.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санад василаҳои муосири дастгирии сармоягузоронро пешбинӣ намуда, кафолатҳои иловагии ҳуқуқии ҳифзи сармоя, соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва густариши ҳамкории давлат ва бахши хусусиро тақвият мебахшад.
Оид ба дигар имкониятҳои ҷалби сармоя андешаронӣ намуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва татбиқи тарҳҳои коммуникатсионӣ дар кишвари мо барои ташаккули долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ созгор номиданд.
Зикр карда шуд, ки дар соли гузашта, ба иқтисоди миллӣ ба маблағи қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки ҳудуди 900 миллион ва ё 12,5 фоизи он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 300 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии тақрибан 13 миллиард доллар амалӣ мегардад, ки дар бисёре аз онҳо ширкатҳои чинӣ ҳамчун паймонкор иштирок мекунанд. То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод фаъолият доранд.
Аз бартариҳои кишвар барои сармоягузорӣ ёдовар шуда, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол мекунад. Дар баробари ин, дар кишвари мо захираҳои фаровони канданиҳои фоиданок, аз ҷумла маъданҳои нодиру муҳим ва металлҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим, ба монанди тилло, нуқра, мис, литий, сурма, руҳ ва волфрам кашф шудаанд.
Ташаккули долонҳои муосири нақлиётиву иқтисодӣ дар ҳудуди Тоҷикистон барои пайванди Чин ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бо Ховари Миёна омили дигари рушди ҳамкорӣ бо кишвари Чини ҳамсоя маънидод гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ширкатҳои чиниро ба рушди иқтисоди “сабз”, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва технологияҳои муосир дар Тоҷикистон ҷалб намуданд.
Дар соҳаи саноат имкониятҳои васеъи кишвар барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургия, саноати кимиё ва дорусозӣ, инчунин, саноати сабук муаррифӣ гардид. Ташкили занҷираҳои пурраи арзиши иловашуда ва рушди коркарди амиқи ашёи хом дар дохили кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон номида шуд.
Дар комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, самти муҳими рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон унвон карда шуд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ширкатҳои чиниро ба зарурат ва аҳамияти таъсиси марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ҷалб намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои вобаста ба рақамикунонӣ, рушди зеҳни сунъӣ, фаъолияти панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, ки барои рушди муваффақонаи соҳибкорӣ ва тиҷорат шароиту имкониятҳои васеъ ва мусоид пешниҳод мекунанд, андешаронӣ намуданд.
Имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла табиати беназир, олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои таърихӣ, шаҳрҳои бостонӣ барои сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, солимгардонӣ ва фарҳангӣ низ таъкид гардиданд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муаррифии фазои мусоиди иқтисодӣ ва имкониятҳои фарохи Тоҷикистон ширкатҳои чиниро ба ҳамкории фаъол ва ворид шудан ба иқтисоди рӯ ба рушду тавсеаи кишвари мо даъват намуданд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ширкатҳои чинӣ Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Вэнтао, Раиси Кумитаи мусоидат ба рушди савдои байналмилалии Чин Рен Хонбин ва роҳбарону намояндагони як қатор корхонаву ширкатҳои азими Чин, ки дорои нуфузи ҷаҳонӣ мебошанд, сухан гуфта, андешаҳо ва пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ин мулоқот ва гуфтушунидҳои миёни ширкатҳои Тоҷикистону Чин беш аз 50 санади ҳамкорӣ, ки ҷалби беш аз 8 миллиард доллари амрикоиро ба Тоҷикистон дар назар доранд, ба имзо расид.
Қисмате аз ин созишномаҳо, аз ҷумла дар доираи Форуми технологияҳои иттилоотӣ бо унвони «Пайванди тиҷорати рақамии Тоҷикистону Чин» (Tajik-China Digital Business Connect) ба мувофиқа расид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) Зоу Ҷиайи мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ан Сяомэн мусоҳиба анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 81-солагии Рӯзи ғалаба иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд






