Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян мулоқот намуданд

Май 12, 2026 08:26

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин бо Сарвазири Шурои давлатии ин кишвари дӯст ҷаноби Ли Сян мулоқот намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Чин барои мо кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ боқӣ мемонад”.

Тавре зикр гардид, соли 2025 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар нисбат ба соли 2024 ба андозаи қариб 46 фоиз афзоиш ёфта,  сармоягузории чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон давоми солҳои 2007–2024 ба наздики 6 миллиард доллари амрикоӣ расидааст, ки қисми зиёди он сармоягузории мустақим мебошад.

Фаъолияти босамари беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ далели равшани сатҳи баланди эътимоди доираҳои соҳибкории ду кишвар ба ҳамдигар номида шуд.

Гуфта шуд, ки сармоягузории Чин дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, ҳамчунин, дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмон ва кишоварзӣ рӯ ба афзоиш дорад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармояи чинӣ барои татбиқи тарҳу барномаҳои рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ, технологияҳои муосир ва рушди иқтисод, энергетика ва саноати “сабз” низ манфиатдор аст.

Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги Тоҷикистон дар бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, ба мисли энергетика, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзь ва агросаноатии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин, таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии ду кишвар дар Тоҷикистон, ҳамчунин, дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак доир гардид.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян 12.05.2026

Май 12, 2026 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон