Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Чонгчин ташриф оварданд.
Нахуст боздиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр аз корхонаи саноатии Серес оғоз ёфт.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иқтидор, самти фаъолият ва маҳсулоти корхонаи саноатии “Серес” оид ба истеҳсоли мошинҳои ширкати “Хуавей Аито” маълумот дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкат аз якчанд корхонаи калони истеҳсолӣ иборат буда, танҳо дар як коргоҳи мошинбарорӣ 1500 мутахассис фаъолият мекунад.
Тибқи маълумоти масъулини ширкат дар корхона ба ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ, ки кори пурсифати истеҳсоли мошинро назорату идора мекунад, афзалият дода шудааст.
Баъди боздид аз корхонаи саноатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони марбутаи соҳаи саноати Тоҷикистон супориш доданд, ки бо ҳамин гуна корхонаҳои кишвари ҳамсоя ҳамкории пурсамар ба роҳ монанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






