Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон, ки соли 2025 ба муносибати 25-солагии пули миллӣ — сомонӣ ба муомилот бароварда шуд, ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
100-сомонии ҷашнӣ ба Озмуни байналмилалии «Пулҳои сол» роҳ ёфт
Тибқи хабари манбаъ, ин пули ҷашнӣ бо тарҳи навоварона ва сатҳи баланди амниятӣ тавонистааст ба Озмуни байналмилалии «Пулҳои сол» роҳ ёбад. Мутахассисон махсусан ба унсурҳои ҳимоявии он баҳои баланд додаанд. Пули мазкур дорои аломати обӣ бо акси шоҳ Исмоили Сомонӣ, тасвири бинои нави Парлумони Тоҷикистон, нишону рамзҳои давлатӣ ва унсурҳои муосири тағйирёбандаи ранг мебошад. Ин технологияҳо барои пешгирии қалбакӣ сохтан ва баланд бардоштани эътимоди истифодабарандагон пешбинӣ шудаанд.
Ҷоизаи олӣ — дар Озмуни байналмилалии «High Security Printing»
Аз байни тақрибан 100 пули нав, ки соли 2025 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нашр шудаанд, танҳо 17 пули нав ба рӯйхати озмун дохил гардидаанд. Ба ин феҳрист пулҳои кишварҳое, ба мисли Русия ва Қазоқистон низ дохил шудаанд. Ёдовар мешавем, ки 2 декабри соли 2025-ум 100-сомонии ҷашнии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии «High Security Printing» дар номинатсияи «Беҳтарин банкнотаи ҷашнӣ дар соли 2025» сазовори ҷоизаи олӣ гардида буд. Ворид шудани пули 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтаринҳо ҳамчун дастоварди назаррас дар соҳаи бонкдорӣ ва тарроҳии миллӣ арзёбӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2025 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ аз 30 октябри соли 2025 пули коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муносибати 25 — солагии пули миллӣ — сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.
Пули ҷашнӣ на танҳо рамзи хотираи таърихӣ, балки нишони рушди устувори низоми пулию қарзӣ ва иқтисоди миллии ҷумҳурӣ буда, дар тарҳи он унсурҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва меъмории мамлакат инъикос ёфтаанд. Он бозгӯйи тамаддуни қадимӣ ва ҳунару созандагии мардуми тоҷик мебошад.
Пули нави ҷашнӣ аз нахи пахта омода гардидааст
Дар рӯйи пул расми асосгузори нахустин давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ (849–907) ва дар паҳлуи расм мақбараи Исмоили Сомонӣ, ки дар шаҳри Бухоро воқеъ аст, инъикос ёфтаанд. Дар паси пул бинои нави Парлумони Тоҷикистон тасвир шудааст. Коғази пули арзиши номиналии 100-сомонии намунаи соли 2025 пурра аз нахи пахта омода гардидааст.
Ин пул аз лиҳози ҳимоявӣ яке аз асъори муҳофизатшуда дар ҷаҳон буда, ба ин принсип мувофиқат мекунад. Ба ин пул ду унсури ҳимоявии нави муосир ворид карда шудааст. Ин аввалин пулест, ки бо тарҳи нави RollingStar® Venus бароварда шудааст.
Пули миллӣ — рамзи таърих ва давлатдории тоҷикон
Агар ба таърихи пули миллӣ — «сомонӣ» назар намоем, он 30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварда шуда, ин иқдом марҳилаи муҳими ташаккули иқтисоди мустақил ва устувор гардид. Сомонӣ ҷойгузини рубл шуда, ба ифтихори асосгузори аввалин давлати тоҷикон — Исмоили Сомонӣ номгузорӣ гардид, ки рамзи таърих ва давлатдории тоҷикон мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






