ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд

Май 14, 2026 11:38

ДУШАНБЕ, 14.05.2025 / АМИТ «Ховар»/. «Пули сармоягузорӣ: роҳ аз идеяи лоиҳа то ҷалби маблағгузорӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ чорабинии канорӣ баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷалби аъзо ва шарикон ба хотири таъмини захираҳо барои муҳокимаи амиқ ва роҳҳои сафарбар намудани захираҳои молиявӣ, инчунин ба роҳ мондани шарикии стратегӣ аз ҳадафҳои чорабинии канорӣ буданд.

Дар ҷараёни чорабинии канорӣ равандҳои амалӣ, имконоти сармоягузорӣ ва механизмҳои ҳамкорӣ баррасӣ карда шуданд. Ин равандҳо метавонанд ба кишварҳо дар гузариш аз марҳилаи банақшагирӣ ба марҳилаи татбиқ кумак расонида, таъсири дарозмуддатро дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъмин намоянд.

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳири САИД (АКС),
АКС: АМИТ «Ховар»

Май 14, 2026 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд