ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?

Май 7, 2026 13:42

ДУШАНБЕ, 07.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки Ҳукумати Федератсияи Русия барномаи таҷрибавии RuID-ро, ки барои санҷиши қоидаҳои вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ истифода мешавад, то 31 декабри соли 2027 тамдид намуд.

Тибқи  иттилои манбаъ,  шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд пеш аз сафар ба Русия дархости электрониро тавассути барномаи мобилии RuID пешниҳод кунанд.

Аз 1 июн барои онҳое, ки бе раводид барои кор ё таҳсил ба Русия мераванд, ҳадафи сафар аз рӯи маълумоти дар дархости электронӣ сабтшуда тасдиқ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин барнома аз 30 июни соли 2025 ҷорӣ гардидааст.  Дар доираи он шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид сафар мекунанд, уҳдадоранд пешакӣ тавассути барномаи мобилии RuID дархости электронӣ пешниҳод намоянд.

Барои пешниҳод намудани дархост шаҳрвандон бояд на дертар аз 72 соат пеш аз сафар маълумоти шахсӣ, ҳадафи сафар ва дигар иттилоотро ба барнома ворид кунанд. Дар ҳолатҳои изтирорӣ ин муҳлат метавонад то 4 соат пеш аз сафар кам карда шавад.

Дар раванди бақайдгирӣ инчунин пешниҳоди маълумоти биометрӣ, аз ҷумла акс ва маълумоти шиноснома пешбинӣ шудааст.

Барномаи RuID имкон медиҳад, ки барои ҳар шаҳрванди хориҷӣ рамзи махсус таъсис дода шавад. Дар он маълумот дар бораи вуруд, будубош, фаъолияти меҳнатӣ ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ ҷамъоварӣ мегардад.

Дар ҳолати иҷро накардани ин талабот вуруди шаҳрвандон ба қаламрави Федератсияи Русия маҳдуд мегардад.

Барнома ҳамчун лоиҳаи таҷрибавӣ ташкил шуда, ба такмили сиёсати муҳоҷират, баланд бардоштани шаффофият ва таъмини амният нигаронида шудааст.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 7, 2026 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад